5 милллион кумак ба шаҳрвандони бекор
Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1355 нафар шаҳрванди бекор қариб 5 миллион сомонӣ кумак расонида шудааст.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба 195 нафар шаҳрванди бекор 625,7 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд ба 460 нафар 1,6 миллион, дар вилояти Хатлон ба 299 нафар 1,3 миллион сомонӣ, дар шаҳри Душанбе ба 50 нафар 223,0 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 351 нафар ба андозаи 1,2 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шудааст.
Барои дастгирии соҳибкории занон ва ҷавонон ба 775 нафар ба андозаи 2 миллиону 844,3 ҳазор сомонӣ ва ба 508 нафар ҷавон 1,9 миллион сомонӣ, инчунин ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 501 нафар ба андозаи 1,8 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ супорида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ