Муминобод

Сохтмони 9 мактаб дар Муъминобод

Ба иттилои раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, айни замон дар ноҳия 63 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад.

Он чиз қонеъкунанда аст, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ 44 медалҳои дараҷаҳои гуногунро толибилмон ба даст овардаанд. Шогирдони мактабҳо дар озмунҳои «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — оинаи таърихи миллат»,  «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурўғи маърифат» иштирок кардаву натиҷаҳои хуберо соҳиб шудаанд.

Айни замон 95 фисади биноҳои таълимӣ аз таъмир пурра бароварда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия бунёди 9 муассисаи таълимӣ, 9 синфхонаи иловагӣ бомаром идома дорад.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *