5 роҳхат: мушти олимпии Тоҷикистон
Бо душворию мушкилӣ бошад ҳам Тоҷикистон дар симои боксчии маъруф Анвар Юнусов роҳхати чорумро ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия пайдо кард. Пеш аз ӯ ба чунин дастоварди назарраси варзишӣ гурзпарто Дилшод Назаров, ҷудочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммурод Абдураҳмонов ноил гашта буданд.
Анвар Юнусов ҳангоми мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки аз 19 то 27 июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку баргузор шуд, дар вазни то 60 кило муштзанҳо Эдгарас Скурделис (Литва), Алӣ Аҳмад (Покистон) ва Доменеко Валентиноро аз Италия бо ҳисоби якхелаи 3:0 шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ то ба ин вохӯрии ҳалкунанда расидан дар Рӯзи байналмилалии олимпӣ — 23 июн дар даври чорякниҳоӣ Волкан Гоксекро аз Туркия бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт.
Ҳарчанд Анвар Юнусов дар марҳилаи финалии мусобиқаи мазкур аз муштзани ҳолландӣ Энрико Ле Крус бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрда бошад ҳам, бо медали нуқра сарфароз гардид. Дар таърихи варзиши тоҷик кам рух додааст, ки варзишгар ҳам медали нуқра ба даст ораду ҳам роҳхати олимпӣ. Ин комёбиро барои Анвар табрик гуфта, таманно мекунем, ки ҷоизаи олимпӣ низ насибаш гардад ва парчами миллиро баланд бардорад!
Анвар Юнусов, бори сеюм аст, ки солҳои гуногун соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Вай соли 2008-ум дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 51 кило байни панҷ муштзани беҳтарини дунё ҷойгир шуда буд. Соли 2011-ум бошад, дар вазни то 56 кило зинаи сеюм ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон сарфароз гашта, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 гардид, вале дар набарди нахустини он мағлуб шуд.
Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар Боку дар вазнҳои аз 52 то 81 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин, финалчиёни вазни то 49 кило ва ғолибони вазнҳои 91 ва беш а 91 кило роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд. Ӯ соли 2011-ум дар чемпионати Осиё дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.
Анвар Юнусов 1-уми феврали соли равон синни 29-ро пур кард. Зодаи шаҳри Душанбе 15 сол инҷониб ба бокс машғул аст. Вай фориғултаҳсили мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Ӯро қариб 20 сол ба набардҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ Мураббии шоистаи Тоҷикистон Мирзо Шамсиев тамрин додааст. Феълан Анварро мураббии шинохта Аббос Неъматуллоев машқ медиҳад.
Эмомалӣ Назариён
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ