Қарори муфтӣ содир шуд! Иди Рамазон рӯзи 6-уми июл

Шӯрои Уламои Тоҷикистон бо судури қароре рӯзи 6-уми июлро ҳамчун рӯзи ид муайян кардааст.


Саидмукаррам Абдқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо ин нуктаро таъкид карда, афзудааст, ки 6-уми июли соли ҷорӣ иди Рамазон дар Тоҷикистон талҷил мешавад. Бар асоси қарор муфтӣ дар тамоми масоҷиди Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 6:30 дақиқа бояд намози ид хонда шавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи мубораки Рамазон аз 6 июн оғоз шуда буд. Бо қарори  Шӯрои уламо аксари мардуми Тоҷикистон аз рӯзи 6-уми июн рӯзадориро оғоз карда буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.