50 кирокаши «Яндекс.Такси» -ро боздошт карданд
Дар пайи як рейд дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сар аз 25 ба ин тараф 50 ронандае боздошт шуданд, ки бо истифода аз берномаи мобилии «Яндекс.Такси» ғайриқонунӣ ба кирокашӣ машғул буданд.
«Дар Тошканд шумори кирокашҳое афзоиш ёфтааст, ки бо истифода аз барномаи мобилии «Яндекс.Такси» ба фаъолияти ғайриқонунии кирокашӣ машғул ҳастанд. Ҳоло мо ба пайдо кардани чунин кирокашҳо машғул ҳастем», — гуфт намояндаи Оҷонсии нақлиёти Ӯзбекистон.
Хадамоти «Яндекс.Такси» расман моҳи апрели соли ҷорӣ ба бозори мусофиркашонии Ӯзбекистон ворид шуд. Надежда Леонидова, намояндаи «Яндекс.Такси» дар шаҳри Москва гуфт, ронандаҳои боздоштшуда ба хадамоти онҳо рабт надоранд. «Мо мустақим бо ронандаҳо кор намекунем. Мо бо шарикони маҳаллие кор мекунем, ки иҷозатномаи фаъолият доранд», — гуфт Надежда Леонидова.
Кирокашҳои «Яндекс.Такси»-ро мешавад, аз сомонаи хадамот ё тавассути барномаи мобилӣ фармоиш дод. Яке аз кирокашҳои Тошканд мегӯяд, хадамоти «Яндекс.Такси» миёни сокинон маъруфият касб кардааст.
Ба гуфтаи кирокашҳо, пайдо кардани иҷозатномаи фаъолият дар хадамоти «Яндекс.Такси» гарон аст ва ба ин далел, кирокашҳои маҳаллӣ бидуни иҷозатнома кор мекунанд. «Ҳар моҳа барои дастрас кардани иҷозатнома бояд ҳудуди 50 доллари ИМА пардохт кард. «Яндекс.Такси» ҳам 20 дарсади даромадро меситонад. Аз ҳамин хотир бисёрии кирокашҳо бе иҷозатнома кор мекунанд», — гуфт кирокаши тошкандӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ