Бародарони қотил «ҳақи» худро гирифтанд

Саидъазам ва Саидумар Маҳмудовҳо, ду бародарон дар шаҳри Кӯлоб, бо ҷурми куштори барқасдонаи Бахтиёр Раҷабов – сокини маҳаллаи Чармгарони Поён – аз 9 то 18 сол зиндонӣ шуданд. Ҳукми Додгоҳи Кӯлоб ҳафтаи гузашта содир гардид.

Бино ба ҳукми додгоҳ, Саидаъзам Маҳмудов ба 18 сол зиндони низомаш шадид маҳкум шудааст. Додараш Саидумар Маҳмудов нуҳ соли умрро дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард.Ин ду бародар шаби 19-уми феврали имсол, вақте Бахтиёр Раҷабови 34-сола аз масҷиди маҳаллаи Чармгарони Поён берун шудааст, бо корд ҳамла кардаанд. Раҷабов дар пайи чанд захми корд дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ин кушторро ҳосили “хусумати шахсӣ” номидааст. Дар ҳукми додгоҳ ҳам гуфта шудааст, ки Бахтиёр Раҷабов моҳи октябри соли 2016 падари Маҳмудовҳоро латту кӯб карда буд ва ситондани интиқоми падар онҳоро ба ин кор тела дод.“Он вақт Саидаъзам Маҳмудов дар хидмати ҳарбӣ буд. Пас аз бозгашт аз хидмат дар назди худ мақсад гузоштааст, ки интиқоми падарашро аз Бахтиёр Раҷабов мегирад. Ноболиғ Сайидумар Маҳмудов аз Душанбе корд харида, дар ин ҳодиса бародарашро ҳамроҳӣ кардааст”, — гуфта шудааст дар ҳукми додгоҳ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *