50-муаллими рус ба мактабҳои Тоҷикистон меоянд

Ҷумҳурии Доғистони Русия эълон кардааст, ки барои мактабҳои русии Тоҷикистон 50 омӯзгор мефиристад. 14 ҳазор рубл маоши ин омӯзгоронро Тоҷикистон ва 60 ҳазори дигарашро Русия ба ӯҳда гирифтаанд.

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Доғистон ҳафтаи гузашта эълон кард, ки 50 муаллимро барои як сол кор ба мактабҳои Тоҷикистон мефиристад. Қабули асноди омӯзгорони довталаби кор дар Тоҷикистон, бино ба эълони вазорати маорифи Доғистон, 5 июл ба поён мерасад.

Довталабон бояд камаш 5 сол таҷрибаи кори омӯзгорӣ дошта бошанд. Гуфта мешавад, ки ба Тоҷикистон асосан омӯзгорони фанҳои забону адабиёти рус, математика, информатика, физика, биология ва химия фиристода хоҳанд шуд.

Баъди як соли кор ин омӯзгорон бояд худ тасмим бигиранд, ки бармегарданд ваё ба корашон дар литсейҳои президентии Тоҷикистон идома хоҳанд дод.

Дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон камбуди омӯзгорон дар мактабҳои русиро эътироф карда, гуфтанд, дар ҳақиқат аз Русия дархости фиристодани омӯзгорон кардаанд.

Тибқи тавофуқ, ҷониби Тоҷикистон ба ин омӯзгорон 14 ҳазор рубл маош хоҳад дод, яъне маблағи баробари маоши миёни муаллимон дар ин кишвар.

Вазорати маорифи Русия иловатан ба ҳар омӯзгоре, ки барои кор ба мактабҳои Тоҷикистон меравад, 60 ҳазор рубл маоши дигар хоҳад дод. Харҷи роҳ, суғуртаи тиббӣ ва иҷораи манзили ин омӯзгорон низ аз ҳисоби вазорати маорифи Русия хоҳад буд.

Дар бораи барои кор ба мактабҳои русии Тоҷикистон фиристодани 50 омӯзгор аз Доғистон моҳи май зимни боздиди раҳбари ин ҷумҳурии Русия Рамазон Абдулатипов аз Душанбеву Хуҷанд тавофуқ ба даст омада буд. Рамазон Абдулатипов қаблан дар мақоми сафири Русия дар Душанбе низ кор кардааст.

Абдулатипов гуфт, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҷиҳати бунёди 26 мактаби русӣ дар Тоҷикистон дастур додааст: «Дар ҷараёни сафари ман ба масъалаи омӯзиши забони русӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода шуд. Сафорати Русия бар ин назар аст, ки сохтани мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон зарур аст. Владимир Путин низ чунин дастур додааст. Бояд ҳудудан 26 мактаб сохта шавад. Мо ҳамчунин масъалаи ба Тоҷикистон фиристодани омӯзгорони забони русиро дар миён гузоштем. Ман медонам, оилаҳои тоҷик мехоҳанд, ки фарзандони онҳо забони русиро биомӯзанд.”

Доғистон ҳамчунин дар мавриди ба донишгоҳҳояш қабул кардани донишҷӯён аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *