Тарабхонаи «Файсал» дар Душанбе боз шуд

Дар хиёбони Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе нахустин тарабхонаи покистонӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар маросими кушодашавии он сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро иштирок намуд.

Тарабхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони тоҷику покистонӣ ташкил шуда, таомномаи он аз хӯрокҳои миллии покистониву тоҷикӣ  тартиб дода шудаст. Ба фаъолият шуруъ кардани тарабхона барои дӯстдорони хӯрокҳои покистонӣ падидаи хуб арзёбӣ мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои хуби дӯстиву ҳамкорӣ дошта, муштаракоти динӣ ва урфу одами ба ҳам монанд дошта,  миллатҳои моро боз ҳам наздик кардааст. Қобили зикр аст, ки дар таркиби забони урду калимаву ибораҳои зиёди тоҷикӣ мавҷуд мебошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *