500 шикоят дар 3 рӯз
Нигаронии сокинони Хуҷанд аз болоравии нархи барқ
Сокинони шаҳри Хуҷанд оид ба якбора боло рафтани нархи қувваи барқ дар ташвишанд ва аксарият фаъолияти шабакаҳои барқиро зери суол мебаранд. Танҳо дар давоми се рӯз, яъне аз 8.01.2017 то 11.01.2017 ба Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд 500 нафар муштариён оид ба афзудани нархи қувваи барқ шикоят кардаанд.
Муштарӣ: Моҳи равон се баробар зиёд пардохт кардам
Маҳмуд Набиҷонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз чунин шикояткунандагон мебошад. Ӯ аз ҳисобкунаки барқияш шубҳа дорад. Тавре ки номбурда гуфт: «Моҳи гузашта 46 сомонӣ маблағ пардохт карда будам. Моҳи дигар аллакай 155 сомонӣ шудааст. Ин рақам аз куҷо пайдо шуд, намедонем. Таҷҳизоти барқиро мисли моҳҳои пешин истифода мебурдем. Яхдонро тобистон кор мефармоем, аммо моҳи октябр истифода намебарем».
Давоми моҳҳои декабр-январ дар вилояти Суғд ба мисли Набиҷонов шикояткунандагон зиёд будаанд ва чӣ хеле ки зикр кардем, дар миёни се рӯз беш аз 500 шикоят ба Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ворид шуд. Аз ин рӯ, барои фарқ гузоштан байни овоза ва ҳақиқат, инчунин ба аҳолӣ фаҳмонидани сабаби асосии нофаҳмиҳо дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд брифинги идораи шабакаҳои барқии шаҳр доир гардид. Дар брифинг воқеияти истифодаи неруи барқ дар моҳи декабри соли 2017 аз тарафи муштариён, сабабҳои ба миён омадани нофаҳмиҳо шаҳр дода шуд.
Рустам Пулотов, сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд доир ба ҳолати истифодаи неруи барқ аз ҷониби муштариён гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳар гуна нофаҳмӣ байни аҳолӣ бо дарназардошти сардии ҳаво, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда бамаротиб хунук аст, истифода неруи барқ низ зиёд ба қайд гирифта шудааст. “Вақте ки асбобҳои гармидиҳиро ба барқ пайваст мекунед, маблағи зиёд сарф мешавад”. Пулотов афзуд, ки соли 2016 аҳолии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 6 милиону 887 ҳазор сомонӣ, 47 млн. кВт соат барқ сарф карда бошанд, ин нишондиҳанда дар моҳи декабри соли 2017 ба 8 миллиону 903 ҳазор сомонӣ, ки 52 млн кВт соатро ташкил медиҳад, баробар шудааст.
Илова бар ин, аз моҳи октябри соли 2017 нархи қувваи барқ 15% боло рафт, ки шаҳрвандон пеш аз шикоят кардану ҳар гуна сару садоҳо баровардан бояд инро низ ба инобат бигиранд.
Биллинг “дуздии барқ”-ро ошкор мекунад?
Дар мавриди ҳисобкунакҳои барқӣ Пулотов қайд кард, бори аввал дар Тоҷикистон низомии биллингӣ, яъне худкор дар соҳаи энергеника маҳз дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шуд. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқиии шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруи барқ паст ва шиддатнокӣ беҳтар карда шуд. 63000 ҳисобкунаки барқӣ ба манзили муштариён насб карда шуд. Низоми биллингӣ аз муштариён тақозо мекунад, ки дар мавриди истифодаи неруи барқ сарфакориро риоя кунанд. Дахолати инсон ба системаи биллингӣ имконнопазир аст ва ин система “дуздии барқ”-ро низ пешгирӣ мекунад. Аммо бо вуҷуди роҳандозӣ шудани чунин система ва корбариҳо зиёд ҳастанд шаҳрвандоне, ки ба ғайриқонунӣ пайваст намуди ҳисобкунаки ахшоси дигар даст задаанд ва чунин ҳолатҳо баъди шикояти шаҳрвандон ошкор шуд.
Фарзона Муродӣ,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ