Сомонаи расмии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе сомонаи расмиаш дар Интернетро дар нишонии http://www.dushanbepolice.tj/ ба роҳ андохтааст. Масъулони сомона мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом таъмини ҷомеа бо маълумоти дақиқу муътамад ва боло бурдани обрӯи мақомоти милиса аст.
Рӯзи 18 январ дар Интернет сомонаи расмии раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе фаъол шуд. Ин сомона дар нишонии http://www.dushanbepolice.tj/ ҷойгир шудааст.
Дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки «дар сомонаи расмии раёсат ҳамарӯза хабару рӯйдодҳо ва маводи иттилоотӣ дар бораи фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсат, сохторҳои он ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар самтҳои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ошкорёбии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин, амалу рафтори зидиҳуқуқии таъсири васеъи ҷамъиятидошта ва дигар чорабиниҳои мақсадноки мақомот гузошта мешавад.”
Дар сомонаи раёсати корҳои дохилии пойтахт ҳамчунин шумораҳои телефони қисмҳои навбатдории воҳидҳои милисаи шаҳри Душанбе ва ҳамин тавр, рақами телефони боварии сардори раёсати корҳои дохилии шаҳр генерал-майор Шариф Назарзода низ нашр шудаанд. Масъулони раёсат мегӯянд, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо ин рақамҳо дар тамос шуда, дар бораи қонуншиканиҳо, аз ҷумла дар бораи қонуншиканӣ ё тамаъҷӯии кормандони милиса хабар бидиҳанд:
Телефони боварии Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе: — 221-15-00
Рақамҳои телефонии қисмҳои навбатдорӣ барои тамос:
Қисми навбатдории Вазорати корҳои дохилӣ —221-08-30, 227-98-98
Қисми навбатдории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣдар ш. Душанбе — 221-15-42,
221-00-57
Қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ 224-13-06, 224-48-74
Қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур 223-13-30, 227-80-00
Қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ 233-72-24, 233-72-11
Қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Сино-1 236-92-24, 236-83-35
Қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Сино-2 235-56-88, 236-22-38
Ба гуфтаи масъулони раёсат, «маводи нашршуда дар сомонаи расмии ин идора ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт дар бораи фаъолияти милиса маълумоти дақиқу мӯътамад дода, бояд ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат намояд.”
Сомонаи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе як моҳ баъд аз таъйин шудани генерал-майор Шариф Назарзода ба мақоми раҳбари милисаи пойтахт фаъол гардид. Генерал Назарзода, ки то 12 декабри соли 2017 роҳбарии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғдро бар дӯш дошт, дар он мақом низ ба нақши матбуот ва инъикоси фаъолияти мақомоти милиса дар расонаҳо арҷ мегузошт ва аз камшумор мансабдорони баландпояе буд, ки ҳамеша барои суҳбат бо хабарнигорон омода ва дастрас буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ