Ашт: Қонунвайрокунии муҳосиб ва мудир  “руйпӯш” шуд?

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт  чанде пеш аз ҷониби Прокуротураи ноҳия қонунвайронкунии баъзе масъулини мактаб, аз ҷумла сармуҳосиб ва мудири хоҷагӣ муайян гардид. Дар ин асно тибқи моддаи 245  (азхудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 яъне “Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” нисбат ба сармуҳосиб Абдуллоева Умеда, мудири хоҷагӣ  Қамбарова Наргиза парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Аммо 7 моҳ инҷониб аз ҷониби мақомоти мазкур ягон чораи қонунӣ  андешида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки  дар ноҳияи Ашт содиркунии ин гуна қонунвайронкуниҳо аз ҷониби масъулини мактабҳо бори аввал нест.  Вале нисбати онҳо чораи қонунӣ андешида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш директори дигар мактаби № 47 ҳамин ноҳия Муҳайё барои ба маблағи 13  ҳазор сомонӣ  бе мувофиқа  бо  волидон  гилем харидорӣ гардан ва чандин ҳолатҳои дигари хусусисити дар моддаи 340 ҷойдошта аз вазифа сабукдӯш карда шуда буд. Аммо бо сабабҳои номаълум ӯ ба ҷои муҷозот шудан дубора директори Гимназияи № 7 –и ҷамоати деҳоти Ашт таъин гашт ва  ба қавле “об ба лаби ҷӯ баробар ” шуд…

Идомаи мавзӯъро дар шумораҳои баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                  Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *