5,5 миллион хароҷоти яксолаи Маҷлиси миллӣ (аудио)

Сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои соли оянда тасдиқ гардидааст, ки 5,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сметаи хароҷотро роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Илёс Идрисзода ҳафтаи равон дар ҷаласа муаррифӣ кард. Ин маблағ дар муқоиса бо нишондоди тасдиқшудаи хароҷот барои соли равон 1,4 млн сомонӣ бештар аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси сметаҳои Маҷлиси миллӣ хароҷоти ин палата дар соли 2021 ба 3,9 млн сомонӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 4,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд. Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки маблағи мазкур асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо, инчунин, кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегарданд.

Рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ бошад, аз 52 воҳиди корӣ иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *