56 ҳазор сомонӣ ба барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хушхабар расонд, ки Мусобиқаи V байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон 5 октябр дар шаҳри Ваҳдат доир мегардад. Дар он варзишгарон аз 20 кишвар иштирок хоҳанд кард. Тоҷикистонро 15 паҳлавон намояндагӣ мекунанд.
Ғолиби ҷойи аввал соҳиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва 56 ҳазор сомонӣ мегарданд. Барои ҷойи дуюм 32 ҳазор ва сеюм 16 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Мусобиқоти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат доир шуда, Ҷом насиби варзишгари украинӣ — Станислав Бондаренко шуда буд. Ҷойи дуввумро Гарсия Мендоз, варзишгар аз Куба ва ду ҷойи сеюмро варзишгарони ӯзбек — Муҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев соҳиб гашт буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ