Оё дафтари САҲА дар Тоҷикистон баста мешавад?

Хабаргузории давлатии «Ховар» дар остонаи нишасти навбатии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава аз эҳтимоли комилан баста шудани дафтари ин созмон дар Тоҷикистон хабар дод. Оҷонсии давлатӣ рӯзи 8-уми сентябр гуфт, ки ин кор дар сурати иштироки аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва бахусус суханронии раҳбараш Муҳиддин Кабирӣ дар Варшава имконпазир хоҳад буд. Нишасти навбатии САҲА аз 11 то 22-юми сентябр баргузор хоҳад шуд.

Хабаргузории «Ховар» мегӯяд, “онгуна ки ба мо маълум шуд, аъзои ҲНИТ барои иштирок дар ин конфронс номнавис шудаанд. Муҳиддин Кабирӣ, ки тариқи пулиси байналмилалӣ ҷустуҷӯ мешавад, суханронӣ хоҳад кард”. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, зоҳиран ҳодисаи соли 2016 дар нишасти Варшава барои САҲА дарси ибрат нашуд.

Дар дафтари марказии САҲА дар Вена гуфтанд, ки дар бораи таҳдиди комилан баста шудани дафтари намояндагии ин созмон дар Душанбе ҳеҷ иттилоъ надоранд ва ҳанӯз наметавонанд ин хабарҳои матбуотиро шарҳ диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ODIHR – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ба ташкили силсилаи ҷаласаҳои рӯзҳои 11 то 22-юми сентябр дар шаҳри Варшава омодагӣ мебинад. Ин нишаст “Ҷаласаи арзёбиҳои вазъи ҳуқуқи инсон” ном дошта, вазъ дар кишварҳои узви САҲА-ро баррасӣ мекунад. Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, рӯзи 11-уми сентябр дар чаҳорчӯби ин ҷаласаҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Аз ҷумла, як ҷаласаи рӯзи душанбе, 11 сентябр, бо номи “Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳ: Ҳамла ба озодии баён, фаъолияти ҳуқуқӣ ва интиқомҷӯӣ аз дигарандешон” (“Tajikistan in Focus: Assault on Free Expression, the Legal Profession, and Retaliation against Dissidents”) бо ширкати намояндагони матбуот ва фаъолон баргузор мешавад ва созмондиҳандаи ин ҷаласа ташкилоти байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ мебошанд. Барои иштирок дар ин ҷаласа намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам хоҳишмандон даъват шудаанд.

Ҷараёни номнависи фаъолони маданӣ барои ширкат дар ҷаласа боз аст. Аризадиҳанда озод аст, ки вориди як системаи бақайдгирӣ шуда, худро номнавис кунад. Бақайдгирии намояндагони ҷомеаи маданӣ дар ин ҷаласаҳо аз рӯи меъёрҳои қабулшудаи кишварҳои узви САҲА озод аст.

Ширкатдорони ғайридавлатии ин нишаст аз рӯи аризаи аз пеш ирсолшуда ба унвонии ODIHR барои иштирок дар ҷаласаҳои ҳошиягии САҲА роҳ дода мешаванд.

Томас Раймер, сухангӯи ODIHR дар Варшава, рӯзи 8-уми сентябр дар бораи хатари басташавии дафтари САҲА дар Душанбе дар сурати ширкати аъзои ҲНИТ дар ин ҷаласа изҳори бехабарӣ кард. Ӯ гуфт, рӯзи 8-уми сентябр ҷараёни ҷамъбасти аризаҳои ширкатдорони ҷаласа баргузор мешавад ва феълан маълум нест, дар робита бо Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ODIHR киҳо ариза дода барои ширкат изҳори омодагӣ кардаанд. Раймер гуфт, “ҷараёни номнависи фаъолони маданӣ барои ширкат дар ҷаласа боз аст. Аризадиҳанда озод аст, ки вориди як системаи бақайдгирӣ шуда, номнавис кунад. Қоидаи бақайдгирии намояндагони ҷомеаи маданӣ дар ин ҷаласаҳо аз рӯи меъёрҳои қабулшудаи кишварҳои узви САҲА озод аст. Ин афрод бояд собиқа ва таҷрибаи кор дар ин соҳаро дошта бошанд”.

Томас Раймер гуфт, ҷараёни аризақабулкунӣ барои ширкат дар ҷаласаҳо хотима ёфтааст ва дар давоми рӯзи ҷумъа масъулини онҳо бояд сари феҳрасти ширкатдорон ва тасдиқи даъвати онҳо кор кунанд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар ин бора, ки то куҷо баъд аз таҳдиди кишваре онҳо омода мешаванд, фаъолони маданиву мухолифонро барои ширкат дар ҷаласаи худ роҳ надиҳанд, ӯ гуфт, “57 кишвари узв, бо шумули Тоҷикистон, қоидаҳои баргузории чунин ҷаласаҳоро мувофиқа кардаанд ва тамоми кор ҳам аз рӯи ҳамин муқаррарор сурат мегирад. Мавқеи ODIHR ин аст, ки мо аз рӯи қоидаҳои аз ҷониби кишварҳои узви САҲА тасдиқшуда амал мекунем. Онҳое, ки дар заминаи иштироки фаъолон тасмим мегиранд, аз рӯи қоидаҳои тасдиқшуда амал хоҳанд кард. Ин қоидаҳо ҳар сол, аз ҷумла соли гузашта риоя шуданд”.

Дар намояндагии САҲА дар Душанбе гуфтанд, ки то сешанбеи оянда ба сабаби ҷашни истиқлол рӯзҳои истироҳатист ва касе омода нест, ин масъаларо шарҳ диҳад.

Соли гузашта гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 19 сентябр ба ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ворид шуданд ва нисбат ба боздошту зиндонӣ кардани аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон эътироз карданд.

Пас аз ин ҳайати Тоҷикистон бо ин гуфта, ки созмон “ифротгароёну террористонро ба ҷаласа роҳ додааст”, ҳамоишро тарк кард. Дар Тоҷикистон ҳам гурӯҳе аз ҷавонон дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷамъ омада ва бадару девори он санг андохтанд.

Баъди пофишории зиёди ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тобистони имсол қарор кард, мақоми намояндагиаш дар Душанберо, ки яке аз бузургтарин намояндагиҳои минтақавии созмон буд, дигар кунад. Шӯрои доимии созмон рӯзи 1-уми июн қарор қабул кард, ки мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тағйир ёфта, минбаъд ба ҳайси “Дафтари барномаҳои OSCE дар Душанбе” фаъолиятҳояшро идома бидиҳад.

Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънии маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст, ки то кунун барои рушди демократия, мурооти ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба кишвар кумак мекард. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин яке аз созмонҳои байналмилалии аслӣ ва нозири интихоботҳои Тоҷикистон аст. Нозирони ин созмон гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон одилонаву демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз соли 2002 дар Тоҷикистон кор мекард, соли 2008 фаъолиятҳояшро тавсиа дод ва марказро ба дафтари табдил дод. Будҷаи дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманд аз дохили Тоҷикистон кор мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *