Толеъномаи 1 апрели 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Бояд имрӯз аз рӯйи масали «Меҳнат кунӣ, роҳат бинӣ» амал намоед.Эҳтимол ба сафари хидматӣ равон кунандатон. Аз мулоқотҳои ошиқона имрӯз худдорӣ намоед беҳтар.  Барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ бояд хӯрокҳои серғизоии хонагӣ истеъмол намоед на аз тезтаёри сари роҳ.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Барои иҷрои вазиваии пурмасъуле, ки ба дӯш оред бояд зиёд машақат кашед.  Асос ба саросемагӣ роҳ надиҳед, то ба хатогие роҳ надиҳед. Хӯроки шомро ҳамроҳи оилаатон истеъмол намоед на рафиқон. Вазъи саломатиатон хуб аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бояд бештар ба меҳнати ҷисмонӣ ё обу тоби бадан дар зали варзишӣ машғул шавед. Дар коргоҳ ягон навгоние нест. Биъди нисфирӯзи хабари наве мешунавед, ва бо дарназардошти он нақшаи минбаъдаатонро кашед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ҷойи кор баъзе навгониҳо аз қабили ба кор гирифтани корманди нав, ронда шудани кормандони пешин ва баланд бардоштани маошҳо рух доданаш мумкин.  Вазъи саломатиатон хуб аст, аммо боз ҳам аз нӯшидани маю шароб имрӯз худдорӣ намоед. Дар лаҳзаҳои мушкил ба шумо дастгирии ҳамсаратон лозим мешавад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед натиҷаи хуб медиҳад. Асос ба ягон кори шарикӣ қӯш нашавед, фаъолияти инфиродӣ натиҷааш хуб мешавад. Эҳтимол ба мулоқоти ғайри корӣ даъват шавед. Бештар ба пиёдагардӣ машғул шавед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар атрофатон ҳасудхӯрони зиёде ҷамъ омадаанд. Рози худро ба ҳар касе магӯед. Ба эҳсосот дода нашавед, танҳо дурундешӣ ва оқилиатон боис мегардад, ки аз бадхоҳонро шикаст диҳед.  Вазъи саломатиатон хуб аст, аммо ба ҳар ҳол барои оромиши асабҳо доруҳоятонро истеъмол намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Агар дар иҷрои вазифаи гирифтаатон мушкилӣ мекашед аз ҳамкорон кумак пурсед. Дар ин рӯз бо ҳамкоронатон ибрози ақида намудан хуб аст. Бештар ба ҳамсаратон меҳрубон бошедба найрангу фиреби дилбари кӯча дода нашавед, зеро дар лаҳзаҳои душвор ҳамроҳатон танҳо оилаатон мемонад на он танноз.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз ҷониби дӯсти наздикатон хиёнат мебинед. Дар ҳақатон гапҳои ношоиста паҳн менамояд. Аз ин зиёд рӯҳафтода нашавед, ҳар касе бадӣ кард ба худаш бармегардад. Ҳамроҳи оилаатон ба сафари берун аз шаҳр равед то оромиш пайдо кунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз касе ба тиҷорат сару кор дорад бурди зиёд мекунад. Меҳрубонӣ ва хушгуфториатон боиси зиёд гардидани эҳтироми атрофиён мешавад. Аз даромаде, ки имрӯз ба даст меоред як миқдорашро хайр кунед. Саломатиатон хуб аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аз муноқишаҳои ошиқона руҳафтода нагардед.Каме таҳаммул ва меҳрубониро пеша кунед ҳамааш хуб мешавад. Дар коргоҳ ягон навгоние нест. Даромади хурдӣ пулӣ дар назар аст. Барои пешгирӣ аз бемориҳои ирсӣ аз парҳез кор гиред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Пешниҳоди нави ҳамкорӣ мегиред. Қабули пешниҳоди мазкур хело судманд мегардад. Дар оила каме муноқиша ва хафагӣ ба миён меояд. Фаромӯш насозед, ки бахшидан кори бузургон аст. дар ҳалли ҳар муаммое аз панди пирон истифода кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ҷои кор муноқиша ва ҷанҷоле  ба вуқӯъ мепайвандад, бояд андеша намуда интихоб намроед, ки шумо тарафдорӣ кадоме аз ҷонибо астед.  Дар сарф кардани пул ба саросемагӣ роҳ надиҳед, то тамоман бе пул намонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *