Рӯзи ханда бо «Коно ва Доно» ва Гулбаҳор Ғаффорова

Ба диққати ҳаводори ҳазлу ханда мерасонем, ки пагоҳ, яъне  рӯзи якуми апрел Гулбаҳор Ғаффорова бо ҳайати нави  гӯрӯҳи “Коно ва Доно”  бо барномаи нави ҳаҷвӣ – мусиқавӣ ба Душанбе меояд. Барномаи мазкур дар Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар ду баст соати 12-00 ва 16-00 сурат мегирад.

Хонум Гулбаҳор дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ин барнома бо дастгирии бевоситаи студияи “Фариддун” ва роҳбари он Чамшед Шарипов ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин илова намуд, ки Сулаймон Саидғозиев низ дар ҳамроҳи онҳо буда,  табъи мухлисонро бо тақлидҳои мусиқавии тару тозааш шод мегардонад.

Сӯҳбати пурраи моро бо ин хонуми сар то по ҳунар дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила» метавонед мутолеа намоед.

 

Барои ба даст овардани билетҳо бо рақами  93 838 33 88 муроҷиат намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *