57,3 км сарҳади давлатӣ муайян гардид
Дар шаҳри Бустони вилояти Суғд вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давалатии Тоҷикистон Қирғизистон баргузор гардид.
Дар натиҷаи мулоқоти дуҷониба 17,98 км сарҳади давлати миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муқаррар гардид. Гурӯҳи корӣ фаъолияташон идома дода, барои муайян намудани нуктаҳои баҳсии сарҳад музокиротро идома медиҳад.
Дар аввали моҳи октябр 57,3 км сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ маълум карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ