бучет

Бақияи қарзи андоз дар Хатлон зиёд шуд

Бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон наздик ба 172 миллион сомонӣ аст.

Қарз нисбат ба аввали сол беш аз 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

 Аз шуъбаи баҳисобгирии даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар даҳ моҳи соли равон бақияи қарзи андоз каме зиёд шудааст.

 Ба иттилои расида, ин қарз дар натиҷаи бурдани назорати иловагӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. «Шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Данғара ва Темурмалик бақияи қарзи андозро зиёд карданд»,-иттилоъ дод манбаъ.

Бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон дар аввали соли 2023-ум андаке бештар аз 168 миллиону 200 ҳазор сомонӣ буд. Вале бо гузашти даҳ моҳ он наздик ба 172 миллион сомонӣ расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *