57,7 миллион сомонӣ фоидаи софи Амонатбонк
Фоидаи софи Амонатбонк дар соли равон 57,7 миллион сомониро ташкил намудааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 35,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора имрӯз, 8-уми август Сироҷиддин Икромӣ, раиси Амонатбонк зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амонатбонк ба 39 ширкати ватанӣ 15,6 миллион доллар қарзи имтиёзнок додааст. Дар доираи ин маблағ ширкатҳо молу маҳсулотро аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ворид мекунанд.
Дар маҷмуъ, маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 миллион доллар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ