Сирочиддин Икроми

Бонки низомсоз. Аз афзоиши сармоя то қарзҳои имтиёзнок дар Амонатбонк

Хизматрасонӣ ба 25 ҳазор корхонаю ташкилот, зиёда аз 784 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,8 миллион нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба БДА ҶТ “Амонатбонк” рост меояд. Бештар аз 3 000 нафар корманди бонки мазкур ин масъулиятро бар зимма доранд ва талош мекунанд, ки хизматрасонии босифатро ба мизоҷони худ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ анҷом диҳанд.

Дастовардҳои Амонатбонк дар рақамҳо

Бино ба иттилои масъулини БДА “Амонатбонк” дороиҳои ин бонк дар соли 2022 маблағи 6,3 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк 5,6 миллиард сомониро ташкил додааст. Ин рақам нисбат ба соли 2021 мутаносибан 42,8% ва 45,4% мебошад. Пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо саривақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шудаанд. Сармояи бонк ба 720,5 миллион сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум 25,2% афзоиш ёфтааст. Фоидаи софи бонк 101,6 миллион сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 53,5% зиёд мебошад. Бонк аз рӯи фаъолияти худ 84,9 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст.    

Аз хизматрасонии ғайринақдӣ то низоми биллингӣ

Сироҷиддин Икромӣ — раиси БДА “Амонатбонк” мегӯяд, соли 2023 талош меварзанд, ки хизматрасониҳои ғайринақдиро вусъат бахшанд. Ҳоло дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ Амонатбонк 683 нуқтаи қабули маблағҳои коммуналӣ ва 372 нуқтаи қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намудаааст. Инчунин, 822 адад QR-рамз ва 656 адад постерминалҳоро дар муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.

Дар баробари ин, Амонатбонк 18 ташкилоти қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намудааст. Ин ташкилотҳо имкон пайдо намуданд, ки тавассути низомҳои дохилии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар пардохти ҳақи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд. Дар натиҷа гардиши умумии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар дохили ҷумҳурӣ 196 миллиард сомонӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ тавассути ҳисобҳои корреспондентӣ бо ифодаи умумӣ 3,3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, гардишҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 13,3 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 25,4% зиёд мебошад. Филиалҳои Амонатбонк зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намудаанд, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 89 миллион сомонӣ ва ё ба андозаи 3,7% зиёд мебошад.

Аз пасандоз то қарзҳои имтиёзнок

Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 4,9 миллиард сомониро ташкил додааст. Ин дар муқоиса ба соли 2021-ум 51,8% рӯ ба афзоиш аст. Аз он ҷумла, пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 2 миллиард сомонӣ буда, нисбат ба соли 2021-ум 24,1% бештар мебошад. Фоизҳои ба аҳолӣ пардохтнамудаи бонк дар соли 2022-юм 73 миллион сомониро ташкил медиҳад. Масъулини Амонатбонк инро дар сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо медонанд.

Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба 46 ҳазор муштарӣ 1 482,4 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намудааст. Ҳаҷми қарзҳои додашудаи бонк нисбат ба соли 2021-ум 102,4 млн сомонӣ афзудааст. Қарзҳои додашудаи бонк ба соҳаҳои саноат 16,3%, кишоварзӣ 15,5%, истеъмолӣ 23,2%, сохтмон 3,8%, тиҷорат 31,9%, нақлиёт 0,3% ва дигар хизматрасонӣ, яъне сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ 9,0% рост меояд. Сандуқи қарзии Амонатбонк 1,7 милиард сомонӣ ва қарзгирандаҳо аз рӯи бақия зиёда аз 52 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2021 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 21,2% афзудааст.

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, Амонатбонк иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш», “Автокредит” ва «Занҳои муваффақ» роҳандозӣ намуд. Барои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҷиҳати харидани манзили зист, Амонатбонк дар соли 2022 ба 51 нафар 10,7 миллион сомонӣ қарзҳои ипотекӣ пешниҳод намудааст. Ҳоло пешниҳоди қарзҳои Амонатбонк ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян карда шудааст.

Вусъати робитаҳои хориҷӣ

Соли гузашта Амонатбонк дар 26-умин Конгресси умумиҷаҳонии WSBI оид ба нақши калидии бонкҳои амонатӣ ва чакана, ки дар сатҳи баланди умумиҷаҳонӣ бо иштироки 280 намояндагони давлатҳои гуногун баргузор гардид, иштирок намуд. Роҳбарияти  Амонатбонк дар бахши пленарии он оид ба «Нақши шабакаҳои Амонатбонк дар раванди рақамикунонии иқтисодиёт дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд, ки он дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии «Financial News & Views» нашр гардид.

Раиси «Амонатбонк» дар Амстердам ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони бонкҳои бонуфуз
Сироҷиддин Икромӣ , раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо  раиси Раёсати ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Калигазин Аслан

Аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла тавассути хати қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 миллион доллар хати қарзӣ кушода шуд. Сипас, 15,5 миллион доллар барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон  қарзи бонкӣ пешниҳод гардид. Ҳамчунин, Амонатбонк бо ҶС «Экспортная страховая компания «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон хати қарзи аккредитивӣ ба маблағи 11,3 миллион доллар боз кард. Ҳоло Амонатбонк бо 16 бонки хориҷӣ бо истифода аз 49 суратҳисобҳои корреспондентӣ ҳамкорӣ дорад.    

Интернетбонк — хизматрасонии қулай

Барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, айни замон Амонатбонк дар маҷмуъ бо 8 048 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкорӣ дорад. Дар татбиқи ҳукумати электронӣ, гузаронидани маблағҳои музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар ба кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби худи ташкилоту муассисаҳо тавассути низоми “Интернетбонк” имконият дода шудааст.

Ҳоло дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 550 ҳазор нафар, банкоматҳои насбшуда дар Амонатбонк ба 327 адад ва постерминалҳо ба 1 401 расидаанд.

Барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, ки барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, андоз, таҳсил, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз як корт ба корти дигар ва дигар амалиётҳои бонкӣ имкон медиҳад, дар тарҳи нав бо дарназардошти талаботҳои имрӯзаи бозори хизматрасониҳои бонкӣ мавриди истифода қарор дорад. То ба имрӯз 254 адад ё 46,4%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 18 адади он ба соли ҳисоботӣ рост меояд, ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шудаанд.

Ҳоло Амонатбонк яке аз калонтарин бонкҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва пайваста дар феҳристи бонкҳои низомсози кишвар мавқеи аввалро ишғол менамояд. Аҳолӣ ба Амонатбонк эътимод доранд, зеро он давлатист ва пайваста қарзҳои нисбатан пастро пешниҳод ва қишри ниёзмандро дастгирӣ менамояд.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *