Амонатбонк: Хизматрасонии босифат дар мадди аввал

Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, риояи одоби муошират бо мизоҷон, эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон дар мадди аввал ва таваҷҷуҳи Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” меистад. Бо ин мақсад ҳамасола мулоқоти раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбарони филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонӣ баргузор мешавад. Номбурда зимни суҳбат бо роҳбарони филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб, Бохтар, минтақаи Рашт, ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иброз дошт, ки “тамоми кормандонро зарур аст, ки бо дасти пок ва нияти нек фаъолият намоянд”.

Суғд

Ҳоло дар вилояти Суғд 19 адад филиал бо теъдоди 142 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1 адад хазинаи шабонарӯзӣ ба аҳолии вилояти Суғд хизматҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Марказҳои хизматрасонии бонкии беҳтарини филиалҳои Амонатбонк дар вилояти Суғд барои саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар, аз ҷумла ба МХБ-и №362-и филиали №24-и шаҳри Хуҷанд, МХБ-и №351-и филиали №37-и ноҳияи Б. Ғафуров, МХБ-и №249-и филиали №30-и шаҳри Конибодом бо гирифтани Ифтихорнома сарфароз гардиданд.

ВМКБ

Ҳоло дар 9 филиал бо 40 маркази хизматрасонии бонкии “Амонатбонк”, аз ҷумла 1 адад хазинаи бегоҳирӯзӣ ба аҳолии вилоят хизмати гуногуни бонкӣ мерасонанд. Марказҳои хизматрасонии бонкии №627-и филиали №74-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғнон ва маркази хизматрасонии бонкии №619-и филиали №72-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Ишкошим барои саҳми арзандаашон дар рушди фаъолияти соҳа ва тақвияти мавқеи бонк дар низоми бонкии кишвар бо Ифтихорнома сарафроз гардонида шудаанд.

НТҶ ва минтақаи Рашт

Дар минтақаи Рашт 5 адад филиал бо теъдоди 27 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1 адад хазинаи бегоҳирӯзӣ ба аҳолии минтақаи Рашт хизматҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Ба марказҳои хизматрасонии бонкии беҳтарини филиалҳои Амонатбонк дар минтақаи Рашт, аз ҷумла ба МХБ-и №080-и филиали №12-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Нуробод, МХБ-и №171-и филиали №20-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Тоҷикобод ва МХБ-и №049-и филиали №76-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Рашт барои саҳм гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар “Ифтихорнома” тақдим гардид.

Дар вохӯрӣ бо марказҳои хизматрасонии бонк дар НТҶ низ таваҷҷуҳ ба хизтматрасонии босифат, аз ҷумла ҷиҳати зиёд намудани пайвастнамоӣ бо СМС-паёмак, истифодаи барномаи Амонат-мобайл, интернет-банкинг ва ривоҷ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ супориш дода шуд. Айни замон дар НТҶ 10 адад филиал бо теъдоди 107 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 2 адад хазинаи шабонарузӣ ва 2 адад бегоҳирӯзӣ ба аҳолӣ хизматҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд.

Ҳамин тариқ, марказҳои хизматрасонии бонкии беҳтарини филиалҳои Амонатбонк дар НТҶ қадрдонӣ шуданд:

— МХБ-и №683-и филиали №10-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Ҳисор;

— МХБ-и №685-и филиали №13-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯдакӣ;

— МХБ-и №693-и филиали №14-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Ваҳдат.

Бохтар

Ҳоло дар минтақаҳои Бохтар 14 адад филиал бо теъдоди 100 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1 адад хазинаи бегоҳирӯзӣ ба аҳолӣ хизматҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд.

Марказњои хизматрасонии бонкии бењтарини филиалњои Амонатбонк ќадрдонї карда шуданд:

— МХБ-и №536-и филиали №42-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар;

— МХБ-и №529-и филиали №59-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Данғара;

— МХБ-и №476-и филиали №54-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Кӯшониён.

Кӯлоб

Дар минтақаҳои Кӯлоб 10 адад филиал бо теъдоди 69 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 2 адад хазинаи бегоҳирӯзӣ ба аҳолии минтақаҳои Кӯлоб хизматҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Марказҳои хизматрасонии бонкии беҳтарини филиалҳои Амонатбонк дар минтақаи Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд:

— МХБ-и №700-и филиали №56-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Кӯлоб;

— МХБ-и №549-и филиали №60-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҳамадонӣ;

— МХБ-и №705-и филиали №61-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Фархор.

Ёдовар мешавем, ки дар тамоми марказҳои хизматрасониҳои бонкии номбурда амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бидуни кушодани суратҳисоб, амалиёти хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, маблағҳои телефони мобилӣ, пур намудани ҳамёни электронӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохти маблағҳои нафақа ва кумакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.