58 миллион доллар мушкили оби нӯшокӣ дар Хатлонро ҳал мекунад?

Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд, як ниҳоди қарздиҳии Бонки Ҷаҳонӣ барои бо оби нӯшокӣ таъмин кардани сокинони 7 ноҳияи вилояти Хатлони Тоҷикистон ба миқдори 58 миллион доллар кумаки билоиваз ҷудо кардааст.

Зимни баррасӣ ва тасвиби Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” дар Маҷлиси намояндагон рӯзи 23 октябр таъкид шуд, ки ин санади ҳуқуқӣ 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва дар муддати 5 соли оянда ба маърази иҷро медарояд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар иҷлосияи парлумон гуфт, ки дар назар аст дар доираи ин лоиҳа 426 деҳоти водии Вахш дар 7 ноҳия бо оби софи ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

Бар асоси ин лоиҳа, қарор аст масъалаи дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ дар ноҳияҳои Вахш, Леваканд (собиқ Сарбанд), Кушониён (собиқ Бохтар), Дӯстӣ (Ҷиликӯл), Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Ҷалолиддини Румӣ), Ҷайҳун (Қумсангири пешин) ва ноҳияи Восеъ амалӣ шавад. Бар асоси барнома, назорати иҷрои тарҳро вазорати молия, Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ба ӯҳда мегиранд.

Ҷамшед Табарзода, директори генералии Корхонаи воҳидии давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” дар иҷлосияи парлумон гуфт, ки қарор аст аз аввали моҳи январи соли 2020 корҳои бунёди истгоҳҳои обкашонӣ ва азнавсозии лӯлаҳои обгузар шурӯъ шавад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, иҷрои тарҳи мазкурро дар ҳалли мушкили дастрасӣ ба оби софи ошомиданӣ, ки аз мушкилоти  хеле сахти дар деҳоти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, як қадами муҳим ва саривақтӣ унвон кард.

Ба гуфтаи вай, дар чорчӯби лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” дар масофаи 450 километр шабакаи обрасонӣ бунёд шуда ва ҳудуди 1 миллион нафар сокинони манотиқи рустоӣ бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, дар 150 муассисаи таълимӣ ва 50 муассисаи тиббӣ иншоотҳои санитарию беҳдоштӣ бунёд хоҳад шуд.

Татбиқи лоиҳаи таъмини сокинони 7 ноҳияи вилояти  Хатлон  бо оби софи нӯшокӣ дар ҳолест, ки тибқи ҳисобҳои мухталиф, аз 40 то 50 дар сади аҳолии Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ  дастрасӣ надоранд.

Дар ҷамоати деҳоти “Машъал”-и ноҳияи Вахш чанд деҳоте ҳаст, ки онҷо оби ошомиданӣ нест ва заминҳои зиёде ба хотири набудани об кишт намешаванд. Сокинон як тонна обро бо қимати беш аз 150 сомонӣ мехаранд. Қарор аст қубурҳои обгузар ба ин ҷо ҳам кашида шаванд.

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ таҳти унвони “Таҳқиқи вазъи нодорӣ аз назари дастрасӣ ба оби пок, тозагӣ ва гигиена дар Тоҷикистон” мушкили дастрасӣ ба оби софи ошомиданӣ умдатан дар рустоҳои Тоҷикистон  эҳсос мешавад. Эҳтиёҷ ба обро дар ин манотиқ бо барфи обшуда, оби борон ва баъдан бо оби рӯдхонаву чашмаҳо ҷуброн мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *