Аз мансабдори ӯзбек 1 миллион доллари нақд мусодира шуд

Чандин манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ва шаҳрдории Тошканд тасдиқ карданд, ки муовини раиси ноҳияи Юнусобод дар умури меъморӣ, сохтмон ва рушди коммуникатсионӣ Э.З. бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манобеъ, Э.З., ки 13 октябр дар утоқи корияш боздошт шуда буд, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад.

Ба ҷои Э.З. аллакай Шералӣ Усмонов муовини раиси ноҳияи Юнусободи пойтахти Ӯзбекистон таъйин шудааст.

Як манбаъ дар шаҳрдории Тошканд гуфт, Э.З.-ро ҳангоми гирифтани 5 ҳазор доллар пора дастгир карданд. Ҳамчунин аз манзили зисти ӯ 1 миллион доллар нақдина ва ду билети ҳаопаймо мусодира шудааст, ки яке аз онҳо ба номи худи Э. З. ва дувумӣ ба номи зани ношинос қайд шудаанд. Вале ин хабар то ҳол расман тасдиқ нагаштааст.

Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Ӯзбекистон ҳам боздошти Э.З.-ро шарҳ намедиҳанд. Э.З. ибтидои соли равон муовини раиси ноҳияи Юнусободи Тошканд таъйин шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *