6 шаҳрванди ОМ-ро дар Санкт-Петербург боздошт карданд
Кумитаи тафтишоти шаҳри хабар дод, ки аз рӯи моддаи «мусоидат ба фаъолияти террористӣ» 6 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт кардааст. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ин афрод бо гумони таҳияи нақшаи ҷиноятҳои террористӣ аз моҳи ноябри соли 2015 ва иртиботашон бо созмонҳои мамнӯе ба мисли «Ҷабҳат-ан-нусра» ва «Давлати исломӣ» дар ҳудуди Санкт-Петербург дастгир шудаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, яке аз бахшҳои фаъолияти онҳо марбут ба ҷалби ҷангҷӯёни эҳтимолӣ ба фаъолиятҳои мамнӯи террористӣ будааст. Рабт доштани ин афрод ба таркиши метрои Санкт-Петербург дар рӯзи 3 апрел санҷида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ