Ронанда марди шахсияташ  номаълумро кушт

 

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 55-солаи шаҳри Душанбе хабар медиҳад. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда шоми 4 апрел бо мошини “Мерседес Бенс” ҳангоми ҳаракат бо маҳаллаи Хайробод аз самти кӯчаи Айнӣ ба самти маҳаллаи Кабудзори пойтахт, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, пиёдагарди шахсияташ номаълумро зер мекунад: «Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”.

Манбаъ мегӯяд, марди ҳалокшуда тахминан 50-55 сол дошта, шахсияташ ҳанӯз маълум нашудааст: “Аз рӯи далели мазкур тафтишот идома дорад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *