600 доллар маош. Дар Қатар кор кардан мехоҳед?
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Қатар даъват кард.
Бино ба иттилои Хадамоти мазкур, кор дар соҳаҳои чорвопарварӣ, анбори мошинҳо ва бо техникаи он хоҳад буд.
Музди маош ба кормандон вобаста ба ихтисос аз 600 доллар бештар пардохт карда мешавад. Инчунин, корфармо пули чипта, раводид (виза), ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси корӣ, хизматрасонии тиббӣ ва корти нақлиётиро медиҳад.
Гуфта мешавад, ки барои маълумоти бештар шаҳрвандони кишвар метавонанд ба рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 дар тамос шаванд. Ё ба суроғаи ин хадамот дар кӯчаи Айнӣ 121, шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ