Варзишгарони соли 2024 муайян шуданд
Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар асоси гузориши Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон беҳтарин варзишгари соли 2024 эътироф шуд. Ӯ дар Олимпиадаи Париж ва Чемпионати ҷаҳон дар Абу-Даби дар вазни то 81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.
Инчунин, ба варзишгари беҳтарини сол дохил шуданд:
– Темур Раҳимов (дзюдо) – биринҷӣ дар Олимпиадаи соли 2024;
– Давлат Болтаев (бокс) – биринҷӣ дар Олимпиадаи 2024;
– Абдулмаҷид Қудиев (гӯштини озод) – биринҷӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2024;
– Акмал Убайдов (бокс) – тилло дар Чемпионати Осиё-2024;
– Виктор Рассадин (гӯштини озод) – нуқраи Чемпионати Осиё-2024;
– Парвиз Каримов (бокс) – нуқраи Чемпионати Осиё-2024;
– Эмомалӣ Нуралӣ (дзюдо) – тиллои Тошканд;
– Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дзюдо) – тилло дар мусобиқоти Гранд Слами Душанбе;
– Сорбон Латифов (самбо) – биринҷӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2024.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ