Ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳонРӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст,   таҷлил карда мешавад.

Мақсад аз таҷлили ин ҷашн — ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.  Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд.

Оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида шуда, ҳифзи байналмилалӣ-ҳуқуқии оила, модару кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ танзим шудаанд.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» ва дигарҳо қабул шудаанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», ки ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти муносибатҳои оилавӣ равона шудааст, саривақтӣ буда, самаранок амалӣ гардида истодааст.

Дар  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  ки он ҷиҳати дастгирии занон ва пешгирии зӯроварӣ дар хонаводаҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад.

Инчунин Кумитаи кор бо занон ҷиҳати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» як зумра чорабниҳоро  гузаронида итодааст. Аз ҷумла, семинару машваратҳо пайваста дар байни донишҷӯён ва толибилмони мактабҳои миёна баргузор карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол бахшида ба Рӯзи оила  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузории як силсила барномаҳоро ба нақша гирифтааст.

Ба муносибати ин рӯз  ҳамчунин Кумита дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрию чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намуда, озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҳунарманд»-ро миёни оилаҳои ҳунарманди кишвар эълон кардааст.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *