Камаш 25 нафар дар тазоҳуроти марзи Ғазза кушта шуданд

Дар ҷараёни намоиши эътирозӣ алайҳи кӯчидани сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас, низомиёни Исроил ҳудудан 25 фаластиниро дар марзи Ғазза кушта ба ҷой гузоштанд. Дастикам 500 нафар захм бардошт. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба вазорати беҳдошти Фаластиниҳо гузориш дод.

Ба гуфтаи шабакаи телевизионии Al Jazeera дар тазоҳурот ҳуди 10 ҳазолр фаластинӣ иштирок дорад. Баъзеи онҳо хостанд монеаи сарҳадиро убур кунанд.

Низомиёни исроилӣ дар таҳрик додани мардум Ҳамасро гунаҳкор карданд.

Рӯзи гузашта артиши Исроил бо паҳн кардани шабномаҳо аз фаластиниҳо даъват кард, ки аз тазоҳурот ва убури марз худдорӣ кунанд.

Моҳи декабри соли 2017 президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи кӯчонидани сафоратхонаи Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас қарор кард. Қарори Трамп мавриди интиқоди шадиди раҳбарон давлатҳои арабӣ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт.

Фаластиниҳо қисмати шарқии Байтулмуқаддасро пойтахти давлати ояндаи худ мешуморанд. Онҳо ба думболи эълони қарори Трамп гуфтанд, ки ҳамагуна музокироти сулҳ аз ҷониби маъмурияти Трампро рад мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *