ВКД: Дар рӯзи ид кудак зери чархи мошин монд

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи дастикам як садамаи марговар дар рӯзи иди Рамазон хабар дод. Бино ба ин манбаъ, «15-уми июни соли 2018, соати 11:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Сатторов Саъдулло, соли таваллудаш 1940, сокини деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ховалинг-Восеъ, дар ҳудуди деҳаи Ғелот аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол, Абубакри Иброҳим, соли таваллудаш 2012, сокини деҳаи Ғелотро пахш кардааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш, пиёдагарди хурдсол Абубакри Иброҳим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *