Дар Хитой Рамазон баъди  30 рӯз ва рақсу бозӣ дар масҷид ҷамъбаст шуд

Хитоиҳо Иди Рамазонро баъд аз як рӯзи муслмонони Тоҷикистон, яъне 16 июн  бо рақсу бозӣ дар саҳни маҷиди Урумчӣ қайд карданд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки дар масҷиди марказии шаҳри Урумчӣ баъди намози ид карнаю сӯрнай монда, рақсу бозӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ин кор дар чорчӯби барномаи ҳукумати Чин ҷиҳати таблиғи тарзи зиндагии дунявӣ дар байни мусалмонон сурат мегирад. Донишҷӯёни хориҷиро мақомоти Чин иҷозат надодаанд, ки дар намози ид иштирок кунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое нашр шудаанд, ки аз рақсу бозӣ дар саҳни масҷиди марказии шаҳри Урумчии Хитой баъд аз анҷоми намози ид хабар медиҳанд. Мусулмонони Хитой 30 рӯзи пурра рӯза гирифта, иди Фитрро рӯзи 16 июн таҷлил карданд.Дар видео дида мешавад, ки баъди анҷоми намози ид дар масҷиди марказии Урумчӣ мусиқии карнаю сӯрнайро баланд мондаанд ва мардум зери навои он рақсу бозӣ мекунанд.Ин видео вокунишҳои мухталифро дар байни мусалмонони Хитой ва кишварҳои дигар ба бор овардааст. Бисёриҳо менависанд, рақсу бозӣ дар саҳни масҷид ва он ҳам дар рӯзи иди барои мусалмонон муқаддаси Фитр бахше аз барномаи ҳукумати он кишвар аст, ки гӯё бо ин роҳ мехоҳад дар байни мусалмонҳо арзишҳои дунявиро таблиғ кунад.Дар чорчӯби ин барнома ҳамин тавр, сокинони минтақаҳои мусалмоннишинро маҷбур мекунанд, ки барномаҳои телевизионҳои давлатиро тамошо кунанд, аз пӯшидани сатру ҳиҷоб даст бардоранд ва риш нагузоранд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар бораи мавридҳои ба истеъмоли гӯшти хук маҷбур кардани мусалмонон дар Хитой низ хабар медиҳанд.Рӯзи 16 июн ба донишҷӯёни мактабҳои олии Хитой мақомоти он кишвар иҷозат надодаанд, ки дар намози ид иштирок кунанд. Ба гуфтаи донишҷӯён, мақомот то соати ҳашти субҳи 16 июн дари хобгоҳҳоро баста буданд, то ки касе берун рафта натавонад. Хобгоҳҳоро танҳо баъди анҷоми намози ид дар масҷидҳои вилоти Шинҷон-Уйғур кушодаанд.

Як донишҷӯ гуфтааст, ки бархе толибилмон, ки аз таҷрибаи солҳои гузашта чунин иқдоми мақомотро медонистанд, як рӯз қабл аз хобгоҳҳо берун шуда, шабро дар хонаҳои дӯстонашон ваё дар меҳмонхонаҳо рӯз кардаанд, то ки субҳ дар намози ид ширкат кунанд.Қаблан гузориш шуда буд, ки дар мактабҳои олии Хитой ба донишҷӯёни хориҷӣ иҷозат надодаанд, ки рӯза бигиранд. Ба онҳо таҳдид кардаанд, ки агар рӯза бигиранд, аз донишгоҳ ихроҷашон мекунанд.

«ахбор»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *