66 нафар аз Тоҷикистон берун рафта наметавонанд

Мақомот номи 66 сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои хориҷ нашудан аз кишвар ба ихтиёри сарҳадбонон дар гузаргоҳҳои марзӣ супурдаанд.

 Аммо  шарҳ надодаанд, ки чаро ин ашхос мавриди назари онҳо қарор гирифтааст. Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки аксари афроде, ки номашон дар рӯйхат ҳаст, дар эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябр дар Хоруғ ширкат кардаанд. Дар ин феҳраст ному насаб, ноҳия, деҳа ва рӯзи таваллуди афроде, ки иҷозаи берун шудан надоранд, сабт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *