РКҲФ ноболиғи дар алвонҷак дармондаро наҷот дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз ду ҳолати наҷоти ноболиғон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, як сокини шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар кӯчаи Маяковскии пойтахт писари ноболиғаш ҳангоми бозӣ дар майдони тафреҳии назди бино дар алвончак дармондааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, шаҳрвандро наҷот дода ва солим ба волидонаш супурдаанд. Писарак ниёз ба ёрии тиббӣ надоштааст.

Инчунин, як сокини кӯчаи Нусратулло Махсум, хонаи 7/3 ба қисми навбатдорӣ занг зада, хабар додааст, ки дари манзили истиқоматиаш баста шудаву наметавонад мустақилона вориди хона шавад. Вай ҳамчунин хабар додааст, ки дар дохили хона се фарзанди ноболиғаш мондаанд. Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти махсус дари хонаи шаҳрвандро боз кардаанд.

— Ҳодисаҳои танҳо мондани кӯдакон дар хона ва баста шудани дари манзили шаҳрвандон зиёд иттифоқ меафтад. Волидонро лозим аст, ки ҳамеша бо кӯдакони худ дар мавзӯи танҳо мондан ва амалҳо ҳангоми танҳоӣ суҳбат кунанд. Ба онҳо фаҳмонанд, ки баногоҳ агар калид дар хона монад ё дар вайрон шаваду водидон ворид шуда натавонанд, бояд чӣ кор кунанд,- тавсия медиҳад КҲФ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *