66-солагии собиқ вазири фарҳанг. Пайроҳаи тайнамудаи Шамсиддин Орумбекзода
Имрӯз, 18-уми март собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба синни 66-солагӣ расид.
Орумбекзода Шамсиддин Шодибек 18-уми марти соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро соли 1977 ба ҳайси омӯзгори мактаб шуруъ намуда, дар давоми солҳои 1978-1980 дар вазифаҳои муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ, солҳои 1980-1995 инструктор, муовини мудири шуъба ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кор кардааст. Аз соли 1995-1997 дар мансаби сардори Раёсати фарҳанг ва иттилооти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва аз соли 1997 то 2000-ум раиси идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шуда кор кардааст.
Солҳои 2000-2011 дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ, муҳаррири рӯзномаи «Мӯнис», раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.
Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мансаби Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кард.
Аз 21-уми ноябри соли 2013 то 24-уми январи соли 2020 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо ордени Шараф ва Корманди шоистаи Тоҷикистон (2019) сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ