Духтарони Эрон дар CAFA-2022-U-18 пирўз шуданд

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби футболи духтарони то 18-сола бо пирўзии дастаи мунтахаби Эрон ба охир расид.

Мусобиқа аз 11 то 15-уми март баргузор шуд, ки дар он дастаҳои мунтахаби духтарони Тоҷикистон, Эрон, Ўзбекистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Мусобиқа дар шакли системаи даврӣ дар як марҳила баргузор шуд ва дастаи мунтахаби Эрон бо ба даст овардани шумораи бештари имтиёзҳо ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Дастаи мунтахаби Ўзбекистон бо 4 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Қирғизистон ҳам 4 имтиёз ба даст овард, вале бо таносуби камтари голҳо сеюм шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳамаи се бозӣ шикаст хўрд. Дар бозии аввал аз Қирғизистон бо натиҷаи 0:1, дар бозии дуюм аз Эрон бо ҳисоби 0:11 ва дар бозии охир аз Ўзбекистон бо натиҷаи 1:8 мағлуб шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *