70 рӯз пас аз марги Пол Уокер 7 сол пур мегардад
Ба марги Пол Уокер, ҳунарманди синамо, ки рӯзи 30-юми ноябри соли 2013 ба вуқӯъ омада буд, ҳатто наздиконаш бовар накарданд. Зеро бо вуҷуди иҷро кардани амалҳои хатарноки каскадёрӣ, хосса дар “Форсаж”, ӯ худ фавтид.
Пол Уокер ҳангоми гузаронидани мусобиқаи пойгаи хайриявӣ ба садама дучор шуд. Мошине, ки ӯ ва дӯсташ Роҷер Родас (дар сари чанбарак буд) идора мекарданд, ба симчӯби сари роҳ бархӯрд ва оташ гирифт.
Ҳангоме ки ҳунарманд вафот кард, қисми 7-уми филми “Форсаж” ба навор гирифта мешуд. Ҳамин тавр, ин қисмати филм бе иштироки ӯ сабт гардид.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ