Генерал Саидзода ба Рашт рафт

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Саидзода Маҳмадсаид Борон, генерал-майори милитсия, сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт таъин шудааст.

“Он кас ҳамзамон вазифаи сардори шуъбаи милисаи ноҳияи Раштро низ иҷро хоҳад кард”, — гуфт Нусратулло Маҳмадзода. То рӯзи 10 сентябри соли 2020 генерал Саидзода муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

Абдусафо Сафоев сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар гуруҳи навоҳии минтақаи Рашт таъин шудааст.

Ӯ дар гузашта сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Нуробод буд. Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералӣ гуфтаанд, ки сари таъйини прокурори ноҳияи Рашт ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

Тавре иттилоъ дода будем, роҳбарони ин се ниҳод дар минтақаи Рашт дар як вақт 14 руз пеш аз вазифа барканор шуда буданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *