Шумораи идонаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи махсуси идонаро дар ҳаҷми 56 саҳифаи ранга ва бо теъдоди 50 ҳазор нусха ба табъ расонд.

Ҳадаф аз нашри шумораи махсуси идонаи «Тоҷикистон», ки худ ҳампойи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, инъикоси дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишвар дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.

Дар саҳифаҳои ҳафтанома матолиби ҷолибу хонданӣ дар мавзӯъҳои сиёсат, иқтисод,  энергетика, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, иҷтимоиёт ва фарҳангу адабиёт дарҷ гардидаст.

Андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳон, монанди Кофи Аннан, Владимир Путин, Кочерил Роман, Қаҳҳор Маҳкамов, Аҳмадшоҳи Масъуд, Расул Ғамзатов, Владимир Варонин, Роберт Кочерян, Сайид Абудуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Адриев Кларксон, Геннадий Селезнёв ва пора аз китоби Шариф Ҳамдампур, «Президент: тафсилоти як сафари пурхатар» — «Девдара чӣ гуна ба Гулдара мубаддал шуд» аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолият нақл мекунад.

Мақолаҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов — «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият», директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати ҶТ Рустами Эмомалӣ — «Истиқлолият роҳ ба сӯйи ҳадафҳои тақдирсоз аст», муовини раиси МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ — «Тоҷикистон – амнтарин кишвари минтақа», вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  — «Бозувони тавоно файзи Истиқлоли кишвар аст», сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб – «Гумрук – зодаи Истиқлолият», раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода – «Мақомоти андоз дар 25 соли Истиқлолият», раиси шаҳри Ваҳдат, Раҳмоналӣ Амирзода —  «Бунёди Ваҳдат: дар он нақши дастони Пешвои миллат аст», раиси шаҳри Турсунзада Сиҷоуддин Саломзода —  «Турсунзода ва Истиқлолияти миллӣ», раиси ноҳияи Шаҳринав, Аюбзода Нусратулло —  «Шаҳринав — ҳамқадами Истиқлолият», раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед  — «Хуршеди Истиқлол Бадахшонро эҳё кард», раиси вилояти Суғд Абдураҳон Қодирӣ  — «Ватанамонро боз ҳам шукуфон хоҳем кард», вазири маориф ва илми ҶТ Саид Нуриддин Саид — «Рушди маориф ва илм дар 25 соли Истиқлолият», раиси ноҳияи Мурғоб Мурзабай Чашбаев —  «Мурғоб ба шаҳраки транзитӣ табдил меёбад», ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ — «Дастовардҳои донишгоҳ дар замони Истиқлолият, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода – «Низоми кредитӣ ва рушди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар замони Истиқлолият», ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода — «Донишкадами мо «Тоҷ» дорад» аз матолиби хонданӣ ва муҳими шумораи махсуси идона ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, дар саҳфаҳои «Тоҷикистон» доир ба дастовардҳои як қатор корхонаҳои саноативу истеҳсолии хурду бузурги мамлакат, сохтмонҳои азим, марказҳои тандурустиву хизматрасонӣ ва ғайра мақолаҳо фаровонанд.

Табрикоту таманниёти чеҳраҳои шинохтаи кишвар, аъзои ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» академикҳо Талбак Назаров, Муҳиба Яъқубова, доктор Масъуди Миршоҳӣ (Фаронса), профессор Замира Ғаффорова, нависанда Шоистаи Равшан (Қирғизистон), ҳуқуқшинос Равшан Носирӣ (Ҳолланд) ва ашъори шоирони шинохта Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ҳадиса Қурбонова, Ҷумъа Қувват ба шумора шаҳомати идона бахшидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *