“Тоҷик Эйр”чаро дар “Манас” нишаст

Ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” , хатсайри Бишкек-Душанбе  бо сабаби пайдо шудани нуқсони техникӣ маҷбур шуд ба Фурудгоҳи «Манас» нишинад.

Расонаҳои Қирғизистон аз қавли масъулини Фурудгоҳи “Манас” менависанд, ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” соати 13:00-и 8-уми сентябр аз Бишкек ба сӯи Душанбе парвоз кард. Аммо баъди ним соати парвоз маҷбур шуд, дубора ба Фурудгоҳи “Манас” баргардад.

Ба қавли шоҳидон, халабон гуфтааст, “мусофирони муҳтарам мо дар ҳолати садамавӣ қарор дорем ва маҷбурем ба фурудгоҳ баргардем.” Мусофирон пас аз гуфтаи халабон, доду фиғонкунон, гиря кардаанд. Дар ҳавопаймо кӯдакон низ будаанд.Масъулини ширкати “Тоҷик Эйр” бо тасдиқи ин хабар мегӯянд,ҳавопаймои навъи Боинг-757-231-и ин ширкат бо далели фаннӣ дубора ба фурудгоҳ баргаштааст. Мутахассисони ширкат нуқсони техинкиро бартараф карда, ҳавопайморо барои парвоз омода мекунанд.

Мусофирон мегӯянд, онҳо 5 соат дар фурудгоҳ мунтазир буданд то ҳавопаймои дигари “Тоҷик Эйр” омада, онҳоро то Душанбе расонад.

Дар ин ҳодиса ягон нафар осеб надидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *