$ 75 000 000 куҷо шуд? «Пул додаму дарди сар харидам»-мегӯянд харидорон
-«Арзоқ» -ро аз куҷо гирифтӣ? Ин равған талх, бӯй дорад, хӯрокро касе намхӯрад… Ҷойяшро гӯй, ба сари фурӯшанда бурда мерезам.
-Занак, ман худам бурда медиҳам,- шавҳар занашро ором карда, бегоҳ ба хона омада, ба рақами телефони дар болои чалаки равған навишташуда занг мезанад. Асли ҳодисаро ба фурӯшанда нақл мекунад.
-Ман маҳсулоти фурӯхташударо дубора намегирам,- дар ҷавоб мегӯяд роҳбари корхона. Аммо равғанхар таҳдид мекунад,ки онро барои ташхис ба “Тоҷикстандарт” мебарад. Чун сифати маҳсулоташро истеҳсолкунанда медонист, зуд розӣ мешавад, ки онро иваз кунад ва аз будаш зиёд ба харидори фиребхӯрда равған медиҳад …
Равған маҳсулоти аз ҳама серистеъмол дар рӯзгори инсон ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар растаҳои мағозаву бозорҳо намудҳои гуногуни он дар фурӯш аст. Баъзан харидор ҳангоми интихоб раҳгум мезанад, ки кадомашро харидорӣ кунад. Ҳолатҳои бесифат баромадани равғани растанӣ зиёд мушоҳида мешавад. Бештар аз равғанҳое, ки дар зарфҳои калонҳаҷм фурӯхта мешавад, зиёд шикоят карда мешавад, зеро мегӯянд, ки дар дохили он ҳар гуна равғанҳоро ба ҳам омехта карда, мефурӯшанд. Бархе соҳибкорон имрӯз якрав шудаанд, маҳсулоти фурӯхтаашонро бозпас намегиранд. Ҳамчунин, кӣ ба саломатии инсон кафолат медиҳад, вақте ки равған бесифат аст ва боиси сироят ёфтани ҳар гуна бемориҳо мегардад? Яке аз сабабҳои пайдо шудани чунин равғанҳои бесифатро муштариён аз камназаротии мақомоти назоратӣ аз болои фурӯшандаҳо ва корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти равған медонанд. Чунки асосан равған ба Тоҷикистон ба миқдори зиёд ва дар зарфҳои калонҳаҷм оварда мешавад. Сипас, соҳибкорон дар ин ҷо ба зарфҳои гуногун гирифта, мефурӯшанд. Берун навиштаҷоти ҷолибу диққатҷалбкунанда аст, аммо кӣ медонад, ки дар дохили ин қуттиҳо чӣ гуна равған аст? Беҳуда нагуфтаанд, ки «чашми харидор кӯр». Соҳибкороне ҳастанд, ки ба хотири фоидаи калону муфт ба даст овардан, равғанҳои воридотиро ба равғанҳои бесифати ватанӣ омехта мекунанд. Маълумоти пешниҳоднамудаи Агентии «Тоҷикстандарт» ин андешаҳоро тақвият медиҳад. Танҳо дар соли 2016 аз тарафи озмоишгоҳҳои ин ниҳод ба миқдори 714 тоннаву 300 кг маҳсулоти равғани растанӣ аз ҷиҳати сифат, бехатарӣ ва тамғагузорӣ ҷавобгӯй набудан ба талабот ошкор карда шуааст. Ин маҳсулотро соҳибкорон асосан аз давлатҳои Эрону Покистон, Афғонистон ва Украина ба Тоҷикистон ворид кардаанд.
Талабот — 129 000 истеҳсол — 10 000 тона
Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба истеъмоли равғани растанӣ 129 ҳазор тонна мебошад, аммо истеҳсоли он дар соли 2016 ҳамагӣ 10 000 тоннаро ташкил додааст. Аз рӯйи ҳисоби оморӣ сари як ҳар нафари аҳолӣ 15 литр равған рост меояд. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам вобаста ба саволи «Тоҷикистон» зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 73 корхонаи истеҳсоли равған фаъолият мекунад, вале талаботи аҳолиро пурра бо равғани худӣ таъмин карда наметавонанд.
Аммо Файзуллоҳ Фатҳуллоев, иқтисодшинос мегӯяд, ки имрӯз корхонаҳои ватанӣ тавони истеҳсоли равғани босифатро надоранд, зеро технологияҳои коркарди маҳсулот фарсуда ва корношоям шудаанд. Инчунин, чанд корхонаҳои наве, ки мавриди истифода қарор гирифтанд, фаъолияташон чашмрас нест. Аз тарафи дигар, барои дастрасӣ ба маҳсулоти хом, аз қабили пахтаву семичка мушкилӣ доранд. Сол ба сол кишти пахта низ кам шуда истодааст. Бинобар ин, Тоҷикистон маҷбур аст, ки дар воридоти равған бисёртар вобастаи кишварҳои беруна шавад.
$75 миллиони Тоҷикистон куҷо шуд?
Тавре ки аз Раёсати савдо ва хизматрасонии Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пайдо кардем, ба ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ давоми соли сипаришуда 85 ҳазору 354 тонна равғани растанӣ ворид шудааст. Маблағи умумии он 75 миллион долларро ташкил медиҳад. Яъне, ин маблағи мардуми Тоҷикистон аст, ки танҳо буҷаи кишвари дигарро пур кард. Магар ин маблағро наметавон дар дохили кишвар нигоҳ дошт? Чаро сохторҳои блоки иқтисодӣ сари ин масъала андеша намекунанд? Агар 73 корхонае, ки ба гуфтаи вазири саноат ва технология, дар Тоҷикистон пурра фаъолият карда, равған истеҳсол мекарданд, ин маблағ ба берун намерафт. Мутаассифона, бархе корхонаҳо ба ном хусусӣ шудаанду ба ном равған истеҳсол мекунанд.Аксаран онҳо моли бегонаро “аз худам” — гӯён ба таври худ бо иловаи маҳсулоти зарарнок “безарар” мегардонанду ба фурӯш мебароранд.
Соли 2016 ба Тоҷикистон аз ин кишварҳо равған ворид шудааст:
- Туркманистон- 40 ҳазору 410 тонна
- Россия -35 ҳазору 358 тонна
- Қазоқистон -3 ҳазору 990 тонна
- Малайзия-1 ҳазору 939 тонна
- Озарбойҷон-1 ҳазору 389 тонна
- Эрон-1 ҳазору 641 тонна
Усмон Раҳимзода,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ