Тирпарронӣ дар Норак: як куштаю як захмӣ

Мақомот дар Норак таъйид карданд, ки дар пайи як моҷаро, як сокини ин шаҳр аз тири силоҳи шикорӣ ҷон дода ва як нафари дигар дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад. То ба ҳол сабабҳои рух додани ин моҷаро маълум нест, аммо зоҳиран баҳс сари тақсими замин сурат гирифтааст.Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҳодиса соати 11-и рӯзи 27 феврал дар деҳаи Лангар рух додааст ва бар асари он Қудратулло Ятимови 63-сола кушта ва Файзулло Сафарови 55-сола захм бардоштааст. Бахтиёр Ятимов, писари Қудратулло Ятимов гуфтааст, ки соати 4-и рӯзи гузашта пас аз ташхис падарашро ба хок супурданд. Вай афзуд, падараш бемори фалаҷ буд ва фарде, ки ба сӯи ӯ аз камони шикории думила тир холӣ кард, холабачааш будааст.Тағойбек Зоидов, сартабиби беморхонаи Норак гуфт, беморе, ки зери муроқибати онҳо қарор дорад, аз ноҳияи шикамаш захм бардошта ва тир аз камараш баромадааст. Тағойбек Зоиров ҳамзамон гуфт, ки ин бемор дар ҳоли ҳозир ба ҳуш омада ва вазъаш мӯътадил мебошад. Сокина Қодирова, раиси минтақаи манзилии рақами 2 дар ин шаҳр, ки назорати деҳаи Лангар бар дӯши онҳо мебошад, гуфт, ки ҳоло тафтиши ин ҳодисаи маргбор идома дорад ва сабабҳои он муайян хоҳад шуд.Мақомоти шаҳри Норак рух додани моҷаро сари тақсими заминро «беасос» хонда ва гуфтанд, ки бояд мунтазири натиҷаҳои тафтишот буд. Аммо сару садоҳое вуҷуд дорад, ки ин ду нафар, ки бо ҳам хешутабор будаанд ва сари тақсими замин бо ҳам баҳс карда ва аз силоҳ истифода бурданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *