Олимҷон Муҳаммадҷонзода

78 парванда барои риоя нашудани Қонуни забони давлатӣ

Дар соли 2022 Кумитаи забон ва истилоҳот ба 148 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 16 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзиму ҳамгунсозии ислоҳот пешниҳод намудааст.

Дар ин бора имрӯз, 9-уми феврал раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

— Дар соли гузашта мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 78 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, ба андозаи 68 023 сомонӣ ҷарима таъин гардидааст ва аз ин 62 254 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст,- зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *