Икром Субҳонзода

Икром Субҳонзода: Фаъолияти 15 муассисаи таълимӣ қатъ ва бозхонд шуд

Соли 2022 дар ҷумҳурӣ фаъолияти 15 муассисаи таълимӣ қатъ ва бозхонд карда шудааст.

Ин нуктаро Икром Субҳонҳода – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм зимни нишасти хабарии ин ниҳод, ки имрӯз, 9-уми феврал баргузор шуд, қайд намуд.

Сабаби қатъ ва бозхонд “мувофиқат накардан ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” гуфта шуд.

Ин муассисаҳо “Хонаи бритониёгӣ”, “Чароғи дониш”, “Сафои Ватан”, “Нури ховар”, “Гимназияи сазовор”, “Офтобак” ва ғайраҳо мебошанд, ки асосан муассисаҳои таълимию томактабии ғайридавлатӣ, ҷамъиятҳои кушодаву пӯшида ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *