Убайдулло Асрорзода

ДБССТ соҳиби кафедраи ҳарбӣ шуд

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ боз мешавад.

Аллакай донишгоҳ иҷозатномаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро гирифтааст ва донишҷӯён метавонанд дар оғози соли хониши 2023 таҳсилро идома диҳанд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Асрорзода Убайдулло ба журналистон иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки донишҷӯён 2 сол дар кафедраи ҳарбӣ аз рӯи ихтисоси алоқачӣ таҳсил мекунанд. Баъд аз хатм соҳиби билети ҳарбӣ ва рутбаи лейтенанти хурд мегарданд.

Масъулини донишгоҳ изҳор доштанд, ки донишҷӯдухтарон низ метавонанд дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *