Убайдулло Асрорзода: Маоши омӯзгоронро аз 50 то 100 фоиз баланд мекунем

Шуруъ аз моҳи сентябри соли равон маоши омӯзгорони Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ва Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант 50% зиёд карда мешавад.

Ин ду таълимгоҳ дар сохтори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошанд. Дар ин бора Убайдулло Асрорзода, ректори донишгоҳ дар ҷаласаи дирӯз, 30-юми август дастур додааст.

Ҳамзамон, дастур дода шудааст, то музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гуруҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ дарс мегӯянд, 100% ва музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гуруҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ дарс мегӯянд, аз 30% то 50% шуруъ аз оғози соли нави таҳсил баланд бардошта шавад.

Дар ин ҷаласа тамоми масъулини донишгоҳ, аз ҷумла филиалҳо аз Суғду Хатлон ва бахшҳои молия ва хоҷагидорӣ ҳузур доштаанд.

“Зимни баромади хеш ректори донишгоҳ ба масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ изҳори назар намуд. Дастгирии олимони ҷавон ва ҳавасманд намудани онҳоро дар раванди ҳимояи рисолаҳои илмиашон бо мақсади таъмини муассиса ва филиалҳои зертобеи он бо устодони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ зарур донист”,- иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.

Тасмим гирифта шудааст, ки дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» моҳи октябр дар вилояти Хатлон ва моҳи ноябр дар вилояти Суғд озмуни минтақавии хонандагони синфҳои 9-11-и МТИК ва МТМУ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» баргузор мешавад. Ба ғолибони ҷойи аввали озмун 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ ҳавасмандӣ муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *