Дар Бохтар муассисаи таълимии русӣ ифтитоҳ мешавад

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Федератсияи Русия муассисаи таълимӣ бунёд карда шуд. Дар ин муассиса метавон дар як баст то 960 хонандаро ба таълим фаро гирифт.

Шаъмигул Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки муассисаи таълимӣ замонавӣ буда, дорои шароити хуб барои илмомӯзӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки дарс дар ин муассисаи таълимӣ пурра бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад.

— Ифтитоҳи иншооти мавриди назар рӯзҳои наздик дар назар аст. Омӯзгорон ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Русия барои кор ҷалб шудаанд. Маоши омӯзгорон пурра аз ҷониби Федератсияи Русия пардохт мешавад. Дар шаҳри Бохтар хоҳишмандон барои таҳсил дар ин муассиса кам нестанд. Дар ин даргоҳи илм дар ду баст наздики 2 ҳазор хонанда қабул кардан мумкин аст,- афзуд ӯ.

Шаъмигул Шарифзода мегӯяд, ҳоло корҳои рангубор дар беруни муассисаи таълимӣ қариб ки ба охир расида истодааст. Дар назар аст, ки фардо дар Рӯзи дониш дар ифтитоҳи иншооти мавриди назар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия онлайн иштирок кунанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *