8 фоидаи банан
1. Моддаи триптофани таркиби банан барои ҳосил шудани ҳормонҳои хушбахтӣ ёрӣ расонида, кайфияти инсонро баланд мебардорад.
2. Хӯрдани банан микрофлораи рӯдаҳоро беҳтар мекунад. Ферментҳои дар он мавҷудбуда ғизоро хуб ҳазм мекунанд.
3. Банан сӯзиши дилро таскин медиҳад.
4. Калсийи дар таркиби банан мавҷудбуда устувории устухонҳоро таъмин намуда, ихроҷи моеъро аз бадан пешгирӣ менамояд. Ин меваро ҳатто ба кӯдакони шашмоҳа додан мумкин аст.
5. Банан қабзияти шикамро рафъ месозад.
6. Бо шарофати калий доштанаш спазми мушакҳои пойро пешгирӣ намуда, барои халос шудан аз варами пой кумак мерасонад.
7. Шахсоне, ки захми меъда доранд, бояд бештар банан хӯранд, чунки он девори меъдаро аз таъсири кислотаҳо муҳофизат мекунад.
8. Оҳани таркиби банан барои пешгирии камхунӣ ёрӣ расонида, иммунитетро пурқувват месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ