8 фоидаи гиря ба инсон
Гиря кардан пеш аз ҳама ба эҳсосоти инсон, ба монанди хашм, ноумедӣ, андуҳ ва дард алоқаманд аст. Бештари вақт одамон ҳангоми аз даст додани шахси наздикашон гиря мекунанд.
Дидан ё шунидани ҳолатҳои ҳузнангез ё наворҳои ба ин монанд инсонро ба риққат меоварад ва нохудогоҳ аз чашмони мо ашк ҷорӣ мешавад. Аммо баъзе одамон алорағми гуфтаҳои боло ҳангоми эҳсосоти мусбат, ба монанди хушбахтӣ, шодӣ ашк мерезанд, ки мардум онро ашки шодӣ меноманд.
Дар як пажӯҳиш, ки дар 19 кишвари панҷ қитъаи олам гузаронида шудааст, 68 дарсади ширкаткунандагон иқрор шудаанд, ки ҳолатҳои шодмонӣ ва лаҳзаҳои хубу хуш онҳоро гирён кардааст. Имрӯз мо дар бораи фоидаҳои гиря ба саломатии инсон маълумот медиҳем:
1. Одатан, одамон кӯшиш мекунанд, ки ашки чашмонашонро пинҳон дошта, худро инсони қавиирода нишон диҳанд, зеро гиря карданро аксарият нишонаи заифӣ мешуморанд. Аммо дар асл ин кори хатост. Вақте ки одам худро зӯран аз гиря кардан бозмедорад, эҳсосоти манфӣ дар вуҷудаш ҷамъ шуда, дар натиҷа ба ҳар хел касалиҳо гирифтор шуданаш имкон дорад. Фаромӯш накунед, гиря як роҳи баромадани эҳсосоти манфӣ буда, ҷисм, рӯҳ ва мағзи инсонро аз заҳри ғам тоза мекунад.
2. Олимон соли 2020 дар Кореяи Ҷанубӣ як тадқиқот гузаронида, исбот намуданд, ки терапияи гиря некӯаҳволии эмотсионалӣ ва ҷисмонии занонеро, ки гирифтори бемории саратони сина мебошанд, беҳтар мегардонад.
3. Гиря кардан аз хушҳолӣ ба бадан бениҳоят фоидаовар аст. Ашки шодӣ боиси тавлиди бештари эндофрин-ҳормори хушбахтӣ дар ҷисми инсон гашта, стрессро рафъ месозад.
4. Рехтани ашк дар баробари коҳиш додани стресс, ҳамчунин барои рафъи шиддати мушакҳо ва ноил шудан ба оромӣ муфид мебошад. Ашки эмотсионалӣ заҳр ва токсинаҳоро аз бадан хориҷ карда, фишори хунро паст мекунад.
5. Ашк рехтан ба чашмҳо таъсири мусбат мерасонад, зеро онҳо лизозим, моддаи дорои хосиятҳои зиддимикробӣ доранд. Дар баробари ин, гиря чашмҳоро об медиҳад.
6. Гиря ба кас эҳсоси амният мебахшад. Ҳангоми гиря кардан шахс аз атрофиён тасаллӣ дида, дастгирӣ меёбад ва худашро бехатар ҳис мекунад.
7. Гиря кардани инсон дар дили атрофиён эҳсоси ҳамдардӣ ва ғамхориро ба вуҷуд оварда, ба ин васила ба рушди робитаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Гиря ҳам дар кӯдакон ва ҳам дар калонсолон фарёди ёрӣ аст ва атрофиён ашки чашмони касро дида, нолаву фиғони дили ӯро бе сухан мешунаванд.
8. Олимон бар он назаранд, ки гиря кардан ба танзими равандҳои гомеостаз мусоидат мекунад, ки ба нигоҳ доштани параметрҳои оптималии физиологӣ ва эмотсионалии бадан масъуланд. Хулоса, гиря як роҳи тасаллӣ ёфтани одамон маҳсуб меёбад. Пас аз гиристан кас худро сабук ҳис мекунад. Ҳам ашки шодӣ ва ҳам ашки ҳузн ба саломатии рӯҳӣ ва ҳолати ҷисмонии вай таъсири судманд дорад. Новобаста аз он ки ашки чашмонаш аз шодӣ ё дард ба вуҷуд омадааст, гиря рӯҳияи инсонро беҳтар месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ