Идгардак. Онро набояд манъ кард

Соли равон мақомоти Тоҷикистон аз волидоне, ки фарзандонашон дар макотибу боғчаҳои кишвар таҳсилу тарбия мегиранд, хостаанд ба фарзандонашон иҷозаи идгардак надиҳанд. Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ аз волидон бо ин мазмун ҳатто забонхат гирифтаанд.

Ин тасмими мақомоти кишвар боиси сарусадои зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Бархе аз чунин тасмими мақомот истиқбол мекунанд ва далел меоранд, ки идгардак дар кӯдакон хислати гадоиро рушд медиҳад. Вале бештари сокинони кишвар бар онанд, ки идгардак як рамзи муҳими идҳост ва манъи он кори хубе нест.

Марям ДАВЛАТОВА, равоншинос

— Агар аз таърихи ин анъанаи нозанин бигӯем, ба ин савол бояд мутахассисони дигар ҷавоб бидиҳанд. Таърихшиносону этнографҳо.

Вале аз диди равонӣ таҷлили идҳо муфид аст. Идгардак чун як расми таҷлили идҳост. Мардуми кӯҳистони ҷануб ва водии Ҳисор анъанаи гулгардонии қадими наврӯзиро ба идҳои динӣ кӯчонидаанд. Дар шаҳрҳои қадим қоидаҳои динӣ аз ҷониби рӯҳониён сахттару дурушттар риоя мешуданд. Онҳо натавонистанд ойини наврӯзиро чунин эҷодкоронаву мавзун ба идҳои динӣ бигзаронанд. Дар ҷануби кишвар ҳарду ойин — дуову фотеҳа дар ҳақи гузаштагон, зиёрати гӯристонҳо ва идгардакро ба ҳам омехтанд ва ид ранги идро гирифту хурсандибахш гардид. Як калимаи зебои дигар ҳам ҳаст. Идхарҷӣ. Калонсолон ба кӯдакон ва мӯйсафедон пул ҳам медоданд. Ҳамаи ин амалҳо усулҳои шод кардани дили ҳамдигар буд. Вагарна ид рисолати худро гум мекард. Ва агар мо ҳам ҳоло ин расмро бигирем, барои кӯдакон ид ҳамчун ид мемирад. Дар ягон иди дигар ҳам мо онро ҷой дода наметавонем. Идҳои бузурги мо ҳоло дар сатҳи давлат мегузаранд ва идгардак надоранд. Барои одамон ҳамон тантанаҳои кӯчаву хиёбон аст, ки ба карнавали ғарбиён монанд аст. Дигарон аз телевизион мебинанд ё намебинанд. Идгардак дар дохили оила рӯҳияи идона эҷод мекунад, пайванди  оила ва авлодро қавӣ мекунад.

Саъдӣ МАҲДӢ, журналист

— 5 далели воқеӣ барои идгардак! Яктоашро рад карда наметавонед:

1. 40-50 сол ид кардем, талбанда нашудем!

2. Пеш аз мо падару бобоҳомон ид карданд, ҳама боғуруру боимон буданд. Гадоиро нанг медонистанд.

3. Фақат ТОҶИК ба хонаи ҳелу ҳамсоя ва хешу табор бе даъват меравад, ки ин хеле олист!

4. Тоҷик ҳеҷ вақт дарвоза ё девори баланд надошт. Дараш ҳамеша кушода буд.

5. Ба хонаи мурдадор ё мотамзада рафтан дар ид — ин суннати ниёгон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *