80 ҳазор сомонӣ барои ҳар як узви ҳайати олимпии Тоҷикистон

   Оҷонсии Reuters иттилоъ додааст ки сарони 30 давлат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия ташриф овардаанд.
Қабл аз ин, хабаре паҳн гардида буд, ки ба мусобиқоти Олимпиадаи Рио-2016 беш аз 50 сарони давлатҳо ташриф меоранд. Дар чорабиниҳои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро президентони Аргетина, Парагвай, Фаронса, Олмон,  Португалия, ноиб-сарвазири Ҷумҳурии мардумии Чин, котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ва дигарон иштирок мекунанд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бошад, аз сафар ба Бразилия худдорӣ кард. Инчунин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби серкорӣ ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода барои сарфаи маблағи буҷети Кумита ба Олимпиадаи Рио сафар накарданд. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маълум карданд, ки барои ҳар як узви ҳайати олимпичиёни Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 80  ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда мешавад.
Эмоми Назариён

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *